Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков – IZhO-2025 7 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков – IZhO-2025 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.
Олимпиада аз 13 то 17 январ байни 15 давлат – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Туркия, Булғористон, Туркманистон, Руминия, Беларус, Сербия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Муғулистон дар шаҳри Остона бо иштироки беш аз 700 хонанда баргузор гардид. Дар ин олимпиада Тоҷикистонро 4 даста бо фарогирии 28 хонанда намояндагӣ кард.
Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз рӯйи фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ маротибаи 21-ум аст, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази илмӣ-амалии «Дорин» ва Мактаби ҷумҳуриявии физика ва математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Дар он маҷмуи саволҳо аз ҷониби ҳакамони сатҳи ҷаҳонӣ тартиб дода шуда, малакаҳои назариявӣ ва амалии хонандагон санҷида мешавад. Иштирокдорон бо сертификати иштирок ва туҳфаҳои хотиравӣ, ғолибон бо дипломҳои дараҷавӣ ва медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо








Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад






