Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Январь 30, 2025 07:30

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 10:00 ва дар Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 11:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар Вазорати кишоварзӣ  доир мегардад.

Дар Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ соати 15:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соати 08:00 ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соати 10:00 доир мегардад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Январь 30, 2025 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад