ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Омӯзгорони ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 2000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинониданд

Январь 20, 2025 09:59

ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамовозӣ ба Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ  дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ беш аз 2000 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Дар ҷамъомади пеш аз  маъракаи ниҳолшинонӣ  таъкид гардид, ки ин ташаббус ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва ободонии Ватан  мебошад. Омӯзгорон бо шинонидани ин ниҳолҳо на танҳо саҳми худро дар сабзгардонии муҳити зист  мегузоранд, балки барои наврасону ҷавонон  намунаи ибрат мешаванд.

Омӯзгорон ва шогирдони муассисаҳои таълимӣ мақсад гузоштаанд,  ки  бо чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар шудани муҳити зист ва рушди минтақа саҳм гузоранд.

Чунин чорабиниҳо дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва татбиқи нақшаҳои амал оид ба ободонию  сабзгардонӣ  идома доранд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бозгӯи он аст, ки ҳамкории ҷомеа дар ҳалли масоили муҳими экологӣ торафт густариш меёбад ва саҳми ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи табиат беназир аст.

Чанде пеш дар доираи ин иқдоми сабзгардонии  табиат дар шоҳроҳ беш аз 2500 бех ниҳол шинонида шуд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Январь 20, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд