Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат муҳлат додааст
ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия аризаҳоро оид ба дароз кардани муҳлатҳои иқомат аз шаҳрвандони хориҷие қабул мекунад, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат надоранд. Аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки қоидаҳои иқоматро вайрон кардааст, барои танзими вазъи ҳуқуқии худ бояд ба мақомоти минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ё намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷойи иқомати худ муроҷиат кунад, зеро 1 майи соли 2025 ҳалли он ғайриимкон мегардад. Дар ин хусус Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 30 декабри соли 2024 ба пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муҳоҷират равона гардидааст. Тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ, шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия бо вайрон кардани муҳлати будубош қарор доранд ва ё корфармоёни онҳо метавонанд ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия, аз ҷумла тавассути муассисаҳои ваколатдор (намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия, ки қариб дар тамоми минтақаҳои мамлакат фаъолият менамоянд ё Муассисаи давлатии буҷетии ММБ «Сахарово») барои танзими вазъи ҳуқуқӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ муроҷиат намоянд.
Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузаронидани расмиёти муайянкунии биометрии шаҳрвандони хориҷӣ, ташхиси тиббӣ барои бемориҳои хатарнок, истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, инчунин санҷиши қарзҳо оид ба пардохти боҷҳо, андозҳо, пардохтҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳалли масъалаи барасмиятдарории вазъи ҳуқуқӣ пас аз 1 майи соли 2025 ғайриимкон мегардад. Аз ин сана нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Федератсияи Русия асосҳои қонуниро аз даст додаанд, то ихроҷ шудани онҳо аз Русия тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани қисме аз ҳуқуқҳо, аз ҷумла дар оянда ворид шудан ба Русия татбиқ карда мешавад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






