МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон ба бемории гайморит аз беэҳтиётӣ нисбат ба саломатӣ гирифтор мешавад
ДУШАНБЕ, 12.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агар дар фасли зимистон бо мӯйи тар ба кӯча бароед ё дар вақти шамоли сард бе сарпӯш дар берун бештар гаштугузор намоед, ба бемории гайморит гирифтор мешавед. Чунин огоҳ менамоянд мутахассисони соҳаи тиб.
Гайморит дар пешонӣ ва қисми рухсора ба амал меояд. Яъне он тавассути вирус ва бактерияҳо ба организми инсон ворид мешавад.
Тибқи ташхиси табибон, гайморит дар пешонӣ ва қисми рухсора ба мисли зардоб ҷамъ мешавад. Дард бештар дар пешонӣ ва як қисми сар (ҳамеша дар соатҳои муайян) пайдо мешавад. Мумкин рухсора ва пилки чашмон варам кунанд. Инчунин шахсе, ки гирифтори бемории гайморит мебошад, дар ҳолати хам кардани сар вазниниро ҳис мекунад.
Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки гайморитро аз зуком бояд фарқ намуд. Гайморит бо маҳкам шудани бинӣ аз худ дарак медиҳад. Азбаски зимни шамолкашию зуком низ бинӣ маҳкам мешавад, бисёриҳо бо гумони он ки зуком шудаанд, ба бемориашон чандон аҳамият намедиҳанд. Одатан нишонаҳои зуком давоми 4-5 рӯзи табобат мегузаранд. Мабодо аз як ҳафта бештар маҳкам будани биниатонро эҳсос намоед ва агар баъди гирифтани дорую дармон низ ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ наорад, аз паси ташхис шавед, зеро ин метавонад аломати гайморит бошад.
Нишонаи дигаре, ки байни зуком ва гайморит фарқ мегузорад, сӯзиши бинию мавзеи атрофи чашмон мебошад. Сӯзиш шабона ва вақти якбора хам шудан ё тоб додани сар шиддат мегирад. Агар як тарафи бинӣ шамол кашида бошад, дард танҳо дар ҳамон тараф эҳсос мешавад, вале агар шамолкашӣ дутарафа бошад, бар замми сӯзиши бинӣ чаккаҳои сар ва ҳатто дандонҳо низ сахт дард мекунанд. Инчунин аз бинӣ баромадани зардоби ғафс нишонаи он аст, ки беморӣ аллакай кӯҳна шудааст.
Дар ин ҳолат ҳарчи зудтар аз паси табобат шудан зарур аст, чунки дар ин ҳолат хавфи ба миненгит гирифтор шудан ба миён меояд. Агар шахс бемории гайморитро сари вақт табобат накунад, ба оризаҳои дигар гирифтор мешавад. Нафароне, ки баъди чанд рӯзи табобат худро беҳтар ҳис карда, аз баҳри хӯрдани дору ва идома додани табобат мегузаранд, бемориашон кӯҳна шуда, баъди чанд вақт боз онҳоро азият медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






