Масрур Ғафуров бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шартномаи сесола ба имзо расонид

Январь 23, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар равзанаи кунунии трансферӣ бо дастпарвари худ-ҳуҷумкунандаи 19-сола Масрур Ғафуров шартномаи сесола ба имзо расонид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Масрур Ғафуров аъзои дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон мебошад. Хатмкардаи мактаби футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе буда, мураббияш Алишер Тағоев аст.

Масрур Ғафуров дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон низ ҳунарнамоӣ намудааст. Масрур Ғафуров дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2022» дар шаҳри Минск бо задани шаш гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардида буд.

Бояд гуфт, ки Масрур Ғафуров дар ду мавсими охир дар ҳайати дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ҳунарнамоӣ мекард.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 23, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд