Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи омодагӣ ва кори пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 шинос шуд

Январь 28, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи омодагӣ ва кори пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Сулаймон Зиёзода бо мушкилоти ҷойдошта дар кори иншооти обрасонӣ шинос шуда, зарурати харидории насосҳои нави обкаширо таъкид намуд.

Пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 яке аз муҳимтарин инфрасохторҳои обии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар деҳоти Мастчоҳ нақши муҳим дорад.

Сулаймон Зиёзода зимни мулоқот бо масъулин изҳор дошт, ки «ҳукумат барои ҳалли мушкилоти обрасонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Харидории насосҳои обкашӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ мавриди дастгирии молиявӣ қарор мегирад. Мо аз тамоми имконот истифода мекунем, то кишоварзон ба оби зарурӣ дастрасӣ дошта бошанд».

Ин иқдом метавонад ба беҳтар шудани вазъи кишоварзӣ ва таъмини ҳосилнокии заминҳо мусоидат кунад. Татбиқи чораҳо дар ин самт на танҳо барои деҳқонон, балки барои тамоми заминдорони минтақаи «Дилварзин-1» аҳамияти бузург дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Январь 28, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд