Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

Январь 17, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш роҷеъ ба фаъолияти ин созмон ҳисобот дода, авлавият барои соли 2025-ро муаррифӣ кард, иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, Ҷонибек Ҳикмат аз фаъолияти Антониу Гутерриш ҳамчун Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва нақшаҳои он барои соли 2025 истиқбол намуда, ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон маълумот дод.

Бо истифода аз фурсат намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои ҳавасманд барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба таҷлили нахустин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии об (Ню-Йорк, 21 марти 2025) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе,  29-31 майи 2025) даъват ба амал овард.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Январь 17, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд