НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кадрҳои соҳибтахассус ва дар бозори меҳнат рақобатпазир омода карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Номи факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот иваз карда шуд. Дар ин факултету ихтисосҳои нав тамоми шароити таълим фароҳам оварда шуда, умед аст, ки дар ҳошияи эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030) кадрҳои соҳибтахассус ва дар бозори меҳнат рақобатпазир омода карда мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки нишондиҳандаи асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доштани устодони дараҷа ва унвони илмӣ буда, сатҳу сифати таълим ва омодакунии кадрҳои баландихтисос маҳз ба ин омил вобастагӣ дорад. Дар айни замон дар 46 кафедраи донишгоҳ 479 омӯзгор, аз ҷумла 1 академик ва 3 узви вобастаи Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон, 33 доктори илм, 257 номзади илм ба корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон 158 нафар ба сифати омӯзгорони ҳамкор дар донишгоҳ фаъолият мекунанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва иҷрои нақшаи инфиродии омӯзгор ҳамасола аз ҷониби устодони донишгоҳ маводи таълимӣ – методӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия ва чоп мегарданд. Вобаста ба ин соли 2024 аз ҷониби устодони донишгоҳ 129 воситаи таълимӣ ва 13 китоби дарсӣ нашр гардид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






