НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нахустин маротиба дар мамлакат «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид

Январь 28, 2025 18:08

ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2024 бори аввал аз ҷониби мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва нашр карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадҷонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Илҳомҷон Оймуҳаммадҷонзода гуфт, ки ин атлас бо истифода аз барномаҳои муосири компютерӣ омода гардидааст. Дар он тамоми маълумот вобаста ба равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла равандҳои ярч, сел ва фаромадани санг оварда шудааст.

Шакли электронии ин атлас дар сомонаи саридора ҷойгир буда, давра ба давра дар он маълумоти нав ҷой дода мешавад.

«Ба ҳама мақомоти дахлдор, ки бо замин кор мекунанд, пешниҳод менамоем, ки аз ин атлас истифода баранд»,-иброз дошт сардори саридора.

Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ» соли 2024 дар 638 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа ба 671 хоҷагӣ пешниҳод карда шуд, ки аз ҷойҳои хавфнок ба маконҳои бехавф кӯчонида шаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 28, 2025 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд