НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳодисаҳои нохуш аз бемасъулиятии кормандон ва норасоии мутахассисони соҳавӣ ба амал меоянд
ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш- ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад. Ин матлабро имрӯз, 28 январ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 нисбат ба 7 шахси ҳуқуқӣ, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси воқеӣ барои роҳ додан ба қоидавайронкунӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда, ҷарима гардиданд.
«Дар ин замина соҳибкоронро зарур аст сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, масъулиятшинос бошанд ва талаботи қонунҳоро иҷро намоянд. Дар баробари ин бояд мутахассисони баландихтисосро ба кор ҷалб намоянд. Дар ин ҳолат шумораи ҳодисаҳои нохуш коҳиш меёбад», — гуфт Санъат Раҳим
Ба иттилои сардори ин хадамот, дар самти сохтмон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ таҷҳизоти махсус пешбинӣ шудааст, ки кормандони техникӣ бобати пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд онро риоя намоянд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе кормандон ин қоидаҳоро иҷро намекунанд. Ин яке аз сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои нохуш мебошад.
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуданд, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ то соли 2027 аз ҷониби кормандони хадамот танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






