НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология соли 2024 аз рӯйи 29 лоиҳа корҳои омӯзишӣ гузаронид
ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯйи 29 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология гузаронида шуданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишастиматбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадҷонзода иброз намуд.
Гуфта шуд, ки корҳои шартномавӣ аз рӯйи 182 лоиҳа ба маблағи 16 миллиону 880 ҳазору 715,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 390 ҳазору 083,0 сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои чустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурбу руҳи Санги Сабз (дар ноҳияи Балҷувон) ба манбаъҳои дурнамои маъдани сурбу руҳ зиёда аз 1 миллион тонна ва манбаи дурнамои нуқра зиёда аз 3 тонна баҳо дода шуд. Инчунин дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи умумии сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим зуҳуроти турмалини Бағуш ва корунди Бағуш кашф карда шуданд. Баъд аз омӯзиш ва ташхиси маҳакҳо муайян гардид, ки сифати ашё ба стандартҳои соҳавӣ ҷавобгӯ буда, ҳамчун маводи хуби ҷавҳарӣ ва коллексинонӣ баҳогузорӣ гардид.
Илҳомҷон Оймуҳаммадҷонзода иброз дошт, ки «соли 2024 дар майдони маъдании Саримад омӯзиш гузаронида, дар натиҷа захираи умумии тилло ва нуқра бо категорияи С1 ва С2 ҳисоб карда шуд. Дар ин самт корҳо идома дошта, мо кӯшиш дорем, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» майдонҳои маъданиро зиёд намоем».
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






