НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 216 тоннаю 787 килограмм маводи пастсифат мусодира ва нобуд гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ зимни ташхисҳои маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 49531,5 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 10549 килограмм (литр) маҳсулоти ширӣ, 1834,5 литр равғани растанӣ, 36 603 дона тухми паранда, 840,9 килограмм моҳӣ, 493 килограмм асал, 7326 килограмм маҳсулоти намакин, 6853 килограмм меваи хушк, 121760,1 килограмм меваю сабзавот ва 19435 килограмм маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда шуда, фурӯшашон манъ ва нобуд карда шуданд. Дар ин давра дар маҷмуъ аз бозорҳо 216 тоннаю 787 килограмм маводи пастсифат мусодира ва нобуд карда шуд. Ин матлабро муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ширинҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Иброз гардид, ки аз ҷониби мутахассисони нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар терминали «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода 22 ҳазору 300 килограмм помидор бо сабаби ҷавогӯ набудан ба талаботи фитосанитарӣ бозпас гардонида шуда, 120 ҳазор килограмм картошка дар Истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар ошкор гардидани касалии пӯсиши тар нобуд карда шуд.
Илова бар ин, аз ҷониби мутахассисони нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Қуштигирмон»-и ноҳияи Спитамен 360 килограмм ҳасиб, ки ба воситаи бори дастӣ бе иҷозатномаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, бе сертификати давлати истеҳсолкунанда ворид гардида буд, бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторию санитарӣ мусодира гардида, тибқи талаботи қонунгузорӣ нобуд карда шуд.
Давоми соли 2024 аз тарафи мутахассисони шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар 7514 намуна 11 901 ташхиси гуногун, аз ҷумла 7272 ташхис барои дарёфти зараррасонҳо, 1541 ташхис барои дарёфти касалиҳо, 2997 ташхис барои дарёфти тухми алафҳои бегона ва 91 ташхиси гелминтологӣ гузаронида шуд.
Барои вайрон кардани қоидаҳои карантини растанӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 258 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 180 ҳазору 450 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






