Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Истаравшан, №23 пешниҳод карда шуд

Январь 9, 2025 14:19

ДУШАНБЕ, 09.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маҷлис масъалаҳои зерин, аз ҷумла баррасии вазифаҳои ташкилоти ҳизбӣ барои тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Истаравшан, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Истаравшан №23 ва барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки моддаҳои 30 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳанд, ки 60 рӯз пеш аз интихобот ва 45 рӯз мондан то интихобот номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботро пешбарӣ намоянд.

Вобаста ба ин, номзадии Шӯҳрат Аҳрорзода барои пешбарӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Истаравшан, №23 пешниҳод карда шуд.

Сипас, бо овоздиҳии пинҳонӣ аъзои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати пешбарии номзад аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Истаравшан, №23 Шӯҳрат Аҳрорзода раъй доданд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Январь 9, 2025 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд