Пагоҳ дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм соати 08:30 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (кӯчаи академик А.Адҳамов,11/2 рӯ ба рӯи Литсейи рақами 4) баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон соати 09:30 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 ва дар Кумитаи рушди маҳал соати 10:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 09:00 ва дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон соати 10:00 баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






