Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуданд

Январь 16, 2025 17:24

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самараи дӯстию бародарии сарони ҳар ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг аст, ки имрӯз дар ҳама самтҳо пешравиҳои назаррас дида мешаванд.

Иброз гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнипарлумонии дуҷониба ва бисёрҷониба таваҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Гурӯҳи дӯстӣ ташкил шудааст ва пайваста тавассути он масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ пайгирӣ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2011 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Ин санад барои тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳар ду давлат дар сатҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи воқеӣ гузошт.

Зарур шуморида шуд, ки санадҳои байнипарлумонии амалкунанда бозбинӣ гарданд, барои такмили онҳо ва пешниҳоди санадҳои нав, ҳамчунин ба талаботи замони муосир мувофиқ кардани онҳо тадбирҳои нав андешида шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2025 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд