Соли 2024 дар вилояти Хатлон 155 иншоот ба истифода дода шуд

Январь 22, 2025 13:32

ДУШАНБЕ, 22.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар вилояти Хатлон 155 иншоот ба истифода дода шуд, ки 58 адади он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Дар ин хусус 17 январи соли равон  дар  маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти  раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Ҳамчунин ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1663 иншоот сохта шудааст, ки 134,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2939,6 километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, 287,7 километр роҳҳо мумфарш, 423,8 километр сангфарш, 2228,1 километр таъмири ҷорӣ ва 170 пулу қубурҳо ба маблағи умумии 254 миллион сомонӣ таъмир гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 62,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин ташаббусҳо саҳми соҳибкорон назарас мебошад.

Дар вилояти Хатлон соҳибкорӣ рушд ёфта, ба ҳолати 1 январи соли 2025 8948 нафар соҳибкорон тибқи патент, 7512 нафар бо шаҳодатнома, 17 787 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 71 792 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва 9082 нафар шахсони ҳуқуқӣ сабт шудаанд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 22, 2025 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»