Соли 2024 фаъолияти беш аз 600 иншооти соҳаи тандурустӣ муваққатан манъ карда шуд

Январь 11, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 фаъолияти 652 иншооти соҳаи тандурустӣ бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ ба таври муваққатӣ манъ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ дар 16 887 иншооти гуногун санҷиш гузаронида шуда, нисбат ба 11 562 нафар (соли 2023- 11771 нафар) шахсони масъул санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Инчунин 413 тонна (соли 2023- 136,2 тонна) маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолиашон гузашта ба маблағи 5,14 миллион сомонӣ мусодира ва нобуд карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 240 муассисаи тиббӣ мавҷуд буда, шумораи кормандони соҳа 4484 нафар, аз ҷумла кормандони иҷтимоӣ ва хизматрасон 3360 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷониби ҳама самтҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 976 ҳазору 705 нафар хизмат расонида шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид