ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 январ, панҷшанбе, 30-юмин рӯзи соли 2025 аст

Январь 30, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 2012  дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҷаласаи Кумитаи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қарор оид ба таъсис додани Лигаи миллии футбол қабул шуд.

***

30 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

***

30 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  муносиботи биступанҷсолагии барқароршавии робитаҳои дипломатию  байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 маҷаллаи туристии «34travel» дар асоси таҳқиқоти яке аз калонтарин ширкатҳои фаромиллии ИМА   «MasterCard» рейтинги 5 шаҳрро, ки имконияти зиёди сайёҳӣ доранд, нашр намуд. Дар рейтинг мақоми аввалро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе касб намуд.

***

30 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.

***

30 январи соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер панҷумин маротиба дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.

***

Соли 2018 дар Тоҷикистон  нахустин маротиба  ҷашни бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ таҷлил  шуд.

***

30 январи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз 23 то 30 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

30 ЯНВАР:

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

Январь 30, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш