ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Тартиби ташкили хазинаи интихоботӣ ва истифодаи он тасдиқ гардид

Январь 13, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 13.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ташвиқоти пешазинтихоботӣ баъди бақайдгирии номзад оғоз ёфта, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.

Ҳамзамон Комиссияи марказӣ бо қарорҳои дахлдор Тартибро дар бораи ташкили хазинаи интихоботӣ, истифодаи он аз ҷониби номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсие, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад пешбарӣ намудаанд, баррасӣ ва тасдиқ кард.

Инчунин барои инъикоси ҳамаҷонибаи интихоботи дарпешистода, дастрас намудани маълумоти саривақтӣ, саҳеҳ ва ошкоро ба интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори Комиссияи марказӣ оид ба бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Иброз гардид, ки воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ баъди бақайдгирӣ ҳуқуқи инъикоси раванди интихоботро пайдо мекунанд.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию  сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд