«Тоҷик Эйр» бо фаъолгардонии парвозҳо дар хатсайрҳои маҳаллӣ рафтуомади шаҳрвандонро осон мегардонад
ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2024-2025 бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» се хатсайри маҳаллӣ барқарор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъол гардонидани парвозҳо дар хатсайрҳои маҳаллӣ аз ҷониби «Тоҷик Эйр» ба осон гардонидани рафтуомади шаҳрвандон ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Аз ҷумла, 3 октябри соли 2024 дар хатсайри Душанбе – Хоруғ, 15 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Кӯлоб, 24 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Панҷакент аз ҷониби «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазам оғоз гардиданд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар оянда парвозҳоро ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъол намояд, ки ин ба осон ва бехатар сафар намудани мусофирон мусоидат менамояд.
Ифтитоҳи хатсайрҳои маҳаллӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат нақши муассир мегузорад. Бояд тазаккур дод, ки 24 январ нахустин парвози ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент аз ҷониби ширкати ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» тавассути ҳавопаймои АН-28 фаъол гардид. Нархи чипта дар масири Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ буда, давомнокии парвоз 40-45 даққиқаро дар бар мегирад. Парвоз дар масири Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо мусоид будани боду ҳаво анҷом дода мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт






