«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Турсунзода таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Занон-дар меҳвари Паём» ҳамоиши занону духтарон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат хабар доданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат самти муҳими сиёсати иҷтимоии худро ба ғамхории ҳамаҷонибаи занону духтарон равона кардааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин самт боз ҳам диққати асосӣ равона гардид.
«Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зан-модари тоҷик дар ҷомеа мақом ва манзалати хосса касб намуд. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул шуд, ки он омили беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид», — баён дошт Раиси Кумита.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафт. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Ҳамчунин дар ҳамоиш дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ, устувору пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва саҳми занон дар пешбурди оила, ҷалби оилаҳои ҳунарманд барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти оилаҳо сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки занону духтарон дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстию масъулиятшиносӣ ва дар зеҳну шуури фарзандон талқин намудани меросу суннати гузаштагон пайваста саҳм гузошта, дар оянда низ ин анъанаро идома медиҳанд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд






