35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 25 иншооти таълимӣ бо 231 синфхона сохта мешавад
СУҒД, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд сохтмони 25 иншооти таълимӣ бо 231 синфхона барои 13 860 ҷойи нишаст дар ду баст ва 4 толори варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 30, 35, 37, 65, 1, майдончаи варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 26 ва 3, ошхона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 31, 37, 65 ва 2, китобхона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 55, 65, 2 ва маҷлисгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 10 ва 37 идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Дар деҳаҳои Ругунд, Яккатол, Суфиориф, Чорбоғ, Тӯтк ва маҳаллаи Имоми Аъзами шаҳри Истаравшан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр, инчунин бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ идома дорад. Бо чунин ташаббус соли 2024 сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 37, 42, 47, 62, идомаи сохтмони бинои нотамоми назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8, толорҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 35 ва 37, маҷлисгоҳ ва ошхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37, майдончаи варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 ва китобхонаю маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 оғоз гардид.
Бо мақсади ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар деҳаи Яккатол аз тарафи соҳибкор Мақсуда Шарипова сохтмони бинои дуошёнаи муассисаи томактабии хусусӣ идома дорад, ки барои фаро гирифтани 120 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон дар кӯдакистони рақами 4 сохтмони бинои якгурӯҳа бо фарогирии 20 кӯдак оғоз шудааст.
Бояд гуфт, ки соли 2024 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии давлатии ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 8 бо номи «Табассуми насли Истиқлол» барои 140 кӯдак, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67, инчунин бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакистони хусусии «Донояк» барои 120 кӯдак, майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ва толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳаи Куҳандиж иборат аз 10 синфхона барои 600 нафар дар ду баст, 5 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 барои 300 нафар дар ду баст, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 дар деҳаи Зартеппаи Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ иборат аз 6 синфхона, бо дастгирии кумитаи падару модарон сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди гимназияи рақами 3, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 63, 3 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55, толорҳои варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 ва литсейи рақами 1 ва ошхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 ба истифода дода шуданд.
Дар шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи омӯзгор инчунин китобхонаи замонавӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 мавриди истифода қарор дода шуд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд






