35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ (плёнка) мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Корхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати Чин» бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз беш аз 3,5 тонна маҳсулоти полиэтилениро ташкил медиҳад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин коргоҳ 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ин амал ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаҳои минбаъда бо ворид намудани таҷҳизоти иловагӣ иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам афзун гардида, шумораи ҷойи кор зиёд карда мешавад.
Ба корхона аз хориҷи мамлакат қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзӣ низ ворид ва васлу насб гардида, ба деҳқонон пешниҳод карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






