35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истаравшан маҷмааи «Шоҳроҳи абрешим» ба истифода дода мешавад

Февраль 8, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар шаҳри Истаравшан маҷмааи бисёрсоҳаи «Шоҳроҳи абрешим» мавриди  истифода қарор дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Иншооти муҳташам аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мабдаи Нур», ки фармоишгар ва пудратчии он мебошад, сохта шуда, лоиҳаи маҷмаа аз ҷониби ширкати лоиҳакашии «Архиком-К»-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мутахассисони Қазоқистон омода шудааст.

Дар ошёнаи якуми маҷмаа дар 4500 метри   мураббаъ  мағозаи бузург, ки дар як вақт ба 500 мизоҷ хизмат мерасонад, бунёд мегардад. Дар ошёнаҳои дигар маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла  мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон, нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ, қаҳвахона, ошхона, кинотеатр ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил мегарданд.

Дар айни замон охирин корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, дар назар аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани маҷмаа даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Истаравшан сохтмони Маркази савдои «Амид», маркази тиббӣ-ташхисии «Салоҳиддин» ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯстӣ» идома дорад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 8, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»