Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вазирон дар мавзуи «Ояндаи нақлиёт» дар Женева иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи ҷаласаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) бо ташаббуси Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мулоқоти вазирони кишварҳои минтақа дар мавзуи «Ояндаи нақлиёт» баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, дар нишаст аз Тоҷикистон Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим иштирок намуд.
Дар нишаст масъалаҳо вобаста ба таҳкими соҳаи нақлиёти ҷаҳонӣ, ҳамбастагии роҳҳои нақлиётӣ байни минтақаҳою муайян намудани мушкилот, имконият ва дидани чораҳои калидӣ бобати ноил шудан ба дурнамои устувор ва самараноки соҳа мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Мудири омили Ширкати ҳавопаймоии «Jazeera Airways» мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд






