Академик Фарҳод Раҳимӣ: ««Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ шоҳасари ҳамаи давру замонҳо аст»

ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон медонем, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад. Мухбири АМИТ «Ховар» бо академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ суҳбате дошт, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон мегардад.
— «Шоҳнома» -ин асари безавол беҳтарин василаи худшиносии миллӣ ва огоҳӣ на танҳо аз таърих, балки аз ҳама фарҳангу илмҳо, фазилатҳои инсонӣ ва самтҳои фарогири зиндагӣ буда, боз ҳам таваҷҷуҳи хонандагони ҳамаи синнро ба худ ҷалб кардааст. Бояд гуфт, ки эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамонӣ шуҳрати ҷовидонӣ касб намудааст.
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба мавзуъҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некию накӯкорӣ, ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи Ватан ва муҳаббат ба он панду андарзҳои зиёд гуфтааст. Ба ақидаи шоир, некию накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ӯ тавассути ин асари безавол ба аҳли башар тавсия додааст, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва танҳо некӣ кунанд, зеро амали нек ҷовидонӣ аст.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бузургтарин асари ҳамосии миллати мо ва яке аз муҳимтарин осори адабии забони тоҷикӣ-форсӣ ва ҷаҳон мебошад. Шоир китоби худро дар матни асараш бо номҳои «нома», «номаи бостон», «номаи хусравон», «номаи шаҳриёр» ва монанди инҳо ёд кардааст. Танҳо як маротиба дар ҳаҷвномаи ба Маҳмуд бахшида мегӯяд:
Чу сӣ сол бурдам ба «Шаҳнома» ранҷ,
Ки шоҳам бибахшад ба подош ганҷ.
Вале аз он ҷое, ки дар он замон осори манзуму мансуреро, ки муҳтавои онҳо шарҳи фармонравоии подшоҳони ориёӣ аз Каюмарс то Яздигурд буд, ғолибан «Шоҳнома» меномидаанд ва дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абӯмансурӣ» низ чунин омадааст: «Ва инро ном «Шоҳнома» ниҳоданд». Дар осори баъдии тоҷикии форсӣ ва ҳам дар тарҷумаи арабии он номи онро «Шоҳнома» овардаанд. Дигар ҳеч гумоне боқӣ намемонад, ки унвони аслии ин китоб «Шоҳнома» аст, ки тарҷумаи форсии «худойнома» дар паҳлавӣ будааст.
Пеш аз оғози назми «Шоҳнома» Фирдавсӣ достони «Бежан ва Манижа»-ро суруда будааст, ки маншаи шарқии эронӣ доштааст. Дар маҷмуъ Фирдавсӣ 35 соли умри хешро ба таълифи ин шоҳасар сарф намудааст.
«Шоҳнома» дар яке аз чопҳои беҳтари он, ки аз тарафи донишмандон таҳти роҳбарии эроншиноси варзида Эвгений Бертелс дар Москва анҷом дода шудааст, борҳо дар Эрон ҳам чоп шуд, фарогири 49500 байт ва дар чопи охирини аз тарафи Холиқии Мутлақ таҳия гардида, 49 539 байт мебошад. Аз 58 нафар шоҳони «Шоҳнома» ду нафар Заҳҳок аз бегонагон ва Искандар ба ривояти «Шоҳнома» нимаэронӣ мебошанд.
«Шоҳнома»-ро ба се бахш: асотирӣ, паҳлавонӣ ва таърихӣ тақсим намудаанд, вале ин тақсимбандӣ мутлақ ва ниҳоӣ набуда, дар ҳар бахше аз бахшҳои дигар ҳиссаҳо ва баҳраҳо бо ҳам омехтаанд. Дар ин асари ҷомеъ мо тамоми унсурҳои адабии ҳамоса (эпос), устура (мифология), ғиноӣ (лирикӣ) мисли достонҳои «Зол ва Рӯдоба», «Бежан ва Манижа», «Гуштосп ва Катоюн» бештар дар бахши каёниро мушоҳида менамоем, ки нишони ворид будани шоир ба анвои адабии замонаш мебошад.
Дар баробари ин, худойномаҳо таърихи шоҳон буданд, ки достонҳои паҳлавонии ҳар давра ба он афзуда шуданд. Бинобар ин «Шоҳнома» таърихи адабиёти Эрони бостон низ ҳаст, ки дар он метавон моҳияти тафовутеро, ки байни адабиёти портӣ ва сосонӣ ҳаст, мушоҳида кард.
Мавзуи аслии бахши асотирии «Шоҳнома», пеш аз ҳама, пайдоиши фарҳанги ибтидоӣ, яъне кӯшиш барои рафъи ниёзҳои аввалин аст, мисли кашфи оташ, таҳияи ҷома (либос) аз чарму пӯсти ҷонварон ва сипас кашфи бофандагӣ, омӯхтани обёрии замин ва густариши кишту барз, аҳлӣ (хонагӣ) кардани ҷонварони пӯянда (хазанда) ва паранда, сохтани хона, таҳияи силоҳҳои мудофиавӣ барои дифоъ ва амният аст.
Ҳамчунин омӯхтани хат, масрафи бӯйҳои хуш (атриёт), сохтани кохҳо ва гармоба, эҷоди шароити беҳтар барои кору зиндагии одамон пас аз кашфи оҳан, сохтани киштӣ барои гузаштан аз рӯду дарёҳо, омӯхтани донишҳо, бавижа пизишкӣ, ҳунари мусиқӣ, ҳунари ошпазӣ ва дигар ҳунарҳои муҳим далели чанддонишӣ ва донишномаи фарҳангу тамаддуни миллӣ будани ин асарро нишон медиҳанд, ки ҳамагӣ дастоварду комёбии ниёгони бофарҳангу мутамаддин мебошанд.
Ба таъбири муҳаққиқон, «Шоҳнома» навниҳоле нест, ки мустақим аз замин рӯида ва дар фазо имтидод ёфта бошад, балки бо ҳаҷме наздик ба панҷоҳ ҳазор байт ба дарахти куҳансолу тановар мемонад, ки чӣ дар фазо ва чӣ дар зери замин рӯише перомунӣ ва густарда дорад.
АКС аз бойгонӣ