ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 401 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз 401 020 бех дарахт шинонида шудааст, ки 80,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш дар маъракаи ниҳолнишонӣ иштирок намуд.
Раиси вилояти Хатлон бо шинонидани аввалин ниҳол маъракаи сабзазоркуниро оғоз бахшида, масъулинро ба вусъат додани корҳои ободонию сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди ноҳия даъват намуд.
Ҳамчунин раиси вилоят бо нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна – Дайри Буддоии Аҷинатеппа шинос гардида, барои ободу зебо намудан ва шинонидани дарахтони ороишӣ дар атрофи он ба масъулин дастур дод.
Бояд гуфт, ки «Аҷинатеппа» боқимондаи ёдгори меъмории дини буддоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри VII ва ибтидои асри VIII фаъолият дошт.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ёдгорӣ дар асоси лоиҳа аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд таъмир ва ба макони сайёҳӣ табдил дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд






