Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи иқтисод ва хизматрасонии Тирмиз тақвият меёбад

Февраль 15, 2025 10:57

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи иқтисод ва хизматрасонии Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон Абдусамат Сатторов бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон омада, бо шароит ва имконияти таҳсил дар ин донишгоҳ шинос гардиданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки меҳмонон бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсили олӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо оид ба имконияти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак табодули афкор намуданд. Ҳамзамон масъалаи омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин рушди барномаҳои таълимии ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ муҳокима гардид.

Шиносоии ҳайати роҳбарияти Донишгоҳи иқтисод ва хизматрасонии Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории илмӣ ва таълимӣ байни ду муассисаи таҳсилоти олӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 15, 2025 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд