Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика тавсеа меёбад
ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ дар Теҳрон баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имконоти таҳкими ҳамгироии энергетикӣ табодули назар намуданд.
Вазирон, ки ҳамзамон ҳамраисии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро бар дӯш доранд, оид ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии комиссия, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар Эрон ба нақша гирифта шудааст, суҳбат намуданд.
Гуфта шуд, ки Комиссияи муштарак нақши калидӣ дар таҳкими робитаҳои дуҷониба дорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






