АРТИШИ МИЛЛӢ — ХОТИРИ ОСУДАИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал бахшида ба таҷлили ҷашни 32-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Маркази таълимии пойтахт» ҳамоиши тантанавии афсарону сарбозон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид ба қудрату неруи Артиши миллӣ, шарафу мардонагӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиш бо мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳи беандоза равона мекунанд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъминоти волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткори пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст.

Дар идома муовини Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Турабе Назарзода иброз дошт, ки Артиши миллӣ дар натиҷаи тадбирҳои дурандешона ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат имрӯз бо мутахассисони дорои донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ба як Артиши тавоно ва неруи мунтаззами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.


Боиси тазаккур аст, ки дар доираи ҳамоиши мазкур байни афсарону сарбозон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмунҳои зеҳнӣ баргузор гардида, ғолибони мусобиқаю озмунҳо, як қатор фаъолону афсарон ва сарбозон дар вазъияти тантанавӣ бо медалҳои ҷашнӣ, диплом ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш дидорбинии волидайн, экскурсияи ҷавонони синни даъватӣ, намоиши дастовардҳои ҳарбӣ ва пешниҳоди дастархони идона роҳандозӣ гардида, чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ ба поён расид.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






