«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар шаҳри Душанбе бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Ба миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!» маросими ҷоизасупории Фестивали 5-уми дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар доираи Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ байни афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи намудҳои футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук мусобиқа гузаронида шуд. Ғолибон дар маросими ҷоизасупорӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Фестивали 5-уми дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Ба миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!» бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Мақсади фестивал аз самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани руҳияи афсарону сарбозон дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосса пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо иборат буд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст






