БА ДИҚҚАТИ ШАҲРВАНДОН. Дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд

Февраль 21, 2025 17:09

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ иқомат доранд, мерасонад, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар интихобот иштирок намоянд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.

Участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар хориҷа:

  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб — шаҳри Абу Забӣ, кӯчаи Ал — Мушриф, виллаи №2;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия — шаҳри Вена, Хутвайденгассе 47;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ- шаҳри Риёз, кӯчаи Ал — Нағраҳ 7694, минтақаи Ал — Вуруд, 4088;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус — шаҳри Минск, аг. Ждановичи, кӯчаи Зеленая, 42;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия — шаҳри Брюссел, хиёбони Генерал Жак 16, 1050;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ — шаҳри Лондон, Ноттинг Х,илл, Кларендон 110;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт — шаҳри ал-Кувайт, минтақаи Сурра, блоки 6, роҳи Х,усайн бин Алӣ Ар — Румӣ, бинои 382;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия — шаҳри Куала — Лумпур, кӯчаи 6, Таман Ампан Утама, Ампан 68000, Селангор;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб — шаҳри Қоҳира, кӯчаи 203, виллаи 8Ъ, Дигла Ал — Маади;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон — шаҳри Боку, Бадамдар, кӯчаи Баглар, паскӯчаи 2, 20;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, шаҳри Берлин, кӯчаи Перлебергер, 43;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, шаҳри Исломобод, Шаҳраки дипломатӣ, Қисмати С — 5, кӯчаи 31, Қитъаи №7 — 10;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия — шаҳри Москва, паскӯчаи Гранатний, 13;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия — шаҳри Анқара, кӯчаи Ферит Реҷаи Ертуғрул №20, шаҳраки дипломатӣ, Оран;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон — шаҳри Ашқобод, кӯчаи Гарашсизлик 4/2;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон — шаҳри Тошканд, кӯчаи А.Қаҳҳор, 61;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина — шаҳри Киев, кӯчаи Зверинетский, хонаи 3;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса — шаҳри Париж, кӯчаи Монтане 42;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин, маҳаллаи дипломатӣ, Лянгмакяо, №ЕА 01-04;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария — шаҳри Женева, кӯчаи Молли (Mollies), 29, Белвю (Bellevue), 1293;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — шаҳри Вашингтон, кӯчаи Ню Ҳемпшир, 1005;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон, Шимоли Кохи Ниёварон, хиёбони Шаҳид Зайналӣ, кӯчаи 3, №10;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон — 141 — 0021, шаҳри Токио, Шинагава ку, Камиоосаки 1-5-42;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона, микроноҳияи Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет 15;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар — шаҳри Давҳа, минтақаи дафна 64, кӯчаи 810;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек, 720031, кӯчаи Кара — Даринская, х.36;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон — шаҳри Ню — Деҳлӣ, маҳаллаи Висант Виҳар, А — 2/6;
  • Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея — шаҳри Сеул, кӯчаи ЮН Виллеҷ, 2, Ёонгсан — гу;
  • Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид — шаҳри Ню — Йорк, кӯчаи 228 E 45 ,17-ум ошёна, 10017;
  • Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай, Амороти Муттаҳидаи Араб — шаҳри Дубай, Бурҷи «Платинум», Ҷумейра Лейкс Тауэрс, ошёнаи 30;
  • Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт- Петербург, Федератсияи Русия — шаҳри Санкт-Петербург, кӯчаи Черняховский, бинои 63 — 65 Лит. А;
  • Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск, Федератсияи Русия — шаҳри Новосибирск, кӯчаи Нижегородская 4;
  • Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Федератсияи Русия — шаҳри Екатеринбург, кӯчаи Гражданская 2а;
  • Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа, Федератсияи Русия — шаҳри Уфа, кӯчаи Сурюпи 149;
  • Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул, Туркия — шаҳри Истанбул, маҳаллаи Қарталтепе, кӯчаи Иилдизтепе, №23, Ич Капи №1, Бакиркой;
  • Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато, Қазоқистон — шаҳри Алмато, Санаторная, 16.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2025 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд