БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар раванди тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои Тоҷикистон нақши муассир дорад
ДУШАНБЕ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳои ҷумҳурӣ дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои солҳои минбаъда муайян гардиданд. Дар ин маврид сардори Раёсати молия ва баҳисобгирии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Раҳмонзода чунин ибрози назар намуд:
-Дар раванди тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ истифодаи самараноки захираю имконоти мавҷудаи Тоҷикистон нақши муассир доранд. Зеро рушди иқтисоди дилхоҳ давлатро бе истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва соҳибкории хурду миёна тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ҳамин назардошт яке аз василаҳои асосии ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ба танзим даровардани маданияти молиявӣ, сарфаю сариштакорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар маҷмуъ муайян намудани сарчашмаҳои андоз маҳсуб мешавад, ки ин масъалаҳо дар нишондиҳандаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ба таври шаффоф муайян гардидаанд. Аз ҷумла, сол то сол болоравии суръати рушди иқтисоди миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки давлат дар ҳоли рушд қарор гирифта, ояндаи тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ муайян гардад.
Таҳлилҳои рушди иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки «соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд».
Нишондиҳандаи ҳаҷми маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ аз як тараф ба масъалаи фаъолияти густурдаи мақомоти дахлдори давлатӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароиту имконоти давлатӣ дар самти таъсиси ҷойи нави кор равона гардида бошад, аз ҷониби дигар сиёсати дурусти иқтисодӣ ва қабули якчанд барномаю стратегияи давлатӣ барои суръати рушди маҳсулоти дохилӣ заминаи ҳуқуқию иқтисодӣ фароҳам овард. Як далели воқеие, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ инкишофи давлатро собит менамояд, ба таҳлили воқеии суръати рушди иқтисоди миллӣ марбут аст. Аз ҳамин нуқтаи назар Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки «дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод».
Аз нишондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон бармеояд, ки Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои воқеӣ гузошт, ҳол он ки дар панҷ соли охир бо назардошти ҳалли якчанд проблемаи соҳавӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ афзоиш ёфт. Дар ин замина бояд таҳлил намуд, ки давлат бо назардошти имконияти молиявии худ ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ маблағҳои зиёд равона намудааст, ки барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва инкишофи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи асосӣ мебошад.
Бинобар ин, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ чунин таҳлил рӯйи кор омад: «Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин татбиқи нақшаю барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохилию хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд».
Бояд гуфт, ки давлат барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум ба масъалаи рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, имтиёзҳои давлатиро низ амалӣ намудааст. Натиҷа дар он аст, ки «барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси мамлакат дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд».
Ҳамин тавр, корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд. Ба ин масъала дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ махсусан ишора карда шуд.
Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамои фардои дурахшони меҳан барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ мегузорад.
АКС:Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд






