Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир шуд
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2025/02/Izobrazhenie-WhatsApp-2025-02-12-v-15.25.39_74c7d09a.jpg)
ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 хабар доданд.
Котиби Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродбек Неъматуллозода иброз дошт, ки истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи муҳими ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалӣ гардид.
Мутобиқи моддаи 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Баъдан аз ҷониби номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷамила Мусоҷонзода, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Садриддин Ҳукумов, номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ориф Амирзода, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Баҳром Шарифзода ва номзад ба тариқи худпешбарӣ Абдуллохоҷа Умаров Барномаи пешазинтихоботӣ пешкаши интихобкунандагон гардид.
Таъкид шуд, ки дар асоси нақшаи баргузории ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда аз 10 то 26 феврали соли 2025 вохӯриҳо идома меёбанд.
АКС: Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3