Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» дар мамлакат беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида мешавад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 30 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» қитъаи заминҳо барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар мамлакат васеъ гардонида мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар 50 гектар барои парвариши ниҳоли дарахтони гуногун ва гулу буттаҳо хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ таъсис дода шудаанд.
Тибқи омори расмӣ, дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар мамлакат беш аз 3,1 миллион бех ниҳол шинонида шуд, ки 129 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин мавсим бояд беш аз 2,4 миллион бех ниҳол шинонида мешуд.
Ҳамзамон Баҳодур Шерализода гуфт, ки бо мақсади зебою обод гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру навоҳии мамлакат беш аз 14,5 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, майдони беш аз 266 метри мураббаъ майсазор гардид. Дар ин самт кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҳалҳо саҳми босазо гузоштаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






