Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида мешавад

Февраль 2, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» дар мамлакат беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида мешавад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 30 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» қитъаи заминҳо барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар мамлакат васеъ гардонида мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар 50 гектар барои парвариши ниҳоли дарахтони гуногун ва гулу буттаҳо хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ таъсис дода шудаанд.

Тибқи омори расмӣ, дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар мамлакат беш аз 3,1 миллион бех ниҳол шинонида шуд, ки 129 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин мавсим бояд беш аз 2,4 миллион бех ниҳол шинонида мешуд.

Ҳамзамон Баҳодур Шерализода гуфт, ки бо мақсади зебою обод гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру навоҳии мамлакат беш аз 14,5 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, майдони беш аз 266 метри мураббаъ майсазор гардид. Дар ин самт кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҳалҳо саҳми босазо гузоштаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 2, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуданд
24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар 5 гектар ниҳоли тут шинонида шуд
Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав беш аз 80 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун пешниҳод намуд
Дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
Кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд
Дар вилояти Суғд майдони боғоти мевадиҳанда васеъ мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Суғд 750 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 300 бех ниҳоли санавбар ва сӯзанбарг шинониданд
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ГУЛИ САДБАРГ. Парвариши ин гул хароҷоти зиёд талаб накарда, аз аввали баҳор то барфрезиҳо шукуфон боқӣ мемонад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти магнолия шинонида шуд
«ТОҶИКИСТОНИ САБЗ». Дар Душанбе 500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида шуд