Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ доир шуд

Февраль 19, 2025 17:21

ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 феврал дар  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 32-солагии таъсиси   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисон барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.

Зимни ҳамоиш  ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар   Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ гузаронида шуда, ин сана расман рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон гардид.

Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиши миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳод эътимод доранд ва пайваста дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум  омода намудани афсарону сарбозонро таъкид менамоянд.

«Артиши миллӣ сипари боэътимоди миллат ва осудагии давлат ба ҳисоб рафта, мо бо ҷавонмардони соҳибватани тоҷик ифтихор мекунем. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои артиш ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи Тоҷикистон табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат менамоянд. Чунки ин родмардони миллат кафили зиндагии орому босуботи мо ва ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд»,-иброз гардид дар ҳамоиш.

Зимни барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиши донишгоҳ машқҳои элементӣ ва муҳорибаҳои тан ба тан намоиш дода шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Февраль 19, 2025 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд