Дар Душанбе аввалин маротиба Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ баргузор мегардад

Февраль 19, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷимкфилм» Толиб Ғайбуллозода иброз дошт, ки ин аввалин ҷашнвораи расмии филмҳои ҷопонӣ дар Тоҷикистон буда, дар доираи он тамошобинони тоҷик метавонанд аз тамошои филмҳои ҳунарии истеҳсоли синамогарони Ҷопон бархӯрдор гарданд.

«Хоби апрел, ки се сол тӯл кашид», «Хатҳое, ки маро инъикос мекунанд» ва «Баҳор дар фурӯшгоҳи тофуи Такано» аз ҷумлаи филмҳои ҷопонӣ мебошанд, ки дар кинотеатри «Ватан» намоиш дода мешаванд.

Ҷашнвора барои дӯстдорони синамои ҷаҳонӣ ва алоқамандони фарҳанги Ҷопон имкони ошноӣ бо навтарин офаридаҳои синамои ин давлатро фароҳам меорад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Февраль 19, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад