Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ барои солҳои 2025-2026» баррасӣ гардид

Февраль 18, 2025 16:22

ДУШАНБЕ, 18.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи бастаҳои хизматрасонии машваратӣ ва нақшаи амалишавии лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ барои солҳои 2025-2026» 17 феврал дар вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва директори Дафтари намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Ҷониби Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва монеаҳое, ки имрӯз садди рушди соҳаи сайёҳӣ гардидаанд, изҳори омодаӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2020 инҷониб дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» амал мекунад, ки аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузорӣ мегардад.

Ҳадафи аслии ин лоиҳа- омода гардидани нақшаи рушди устувори сайёҳӣ, низоми ёрирасони омори сайёҳӣ TSA, таҳия намудани рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, 8 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва таҳияи нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаҳои атрофи он, вилояти Хатлон ва Суғд мебошад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2025 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд