Дар Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ доир гардид

Февраль 20, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал дар бинои Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри  Москва ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Намояндаи ваколатдори мамлакат дар Комиссия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад, дар зимн тарафҳо беш аз 11 масъалаи рӯзномаи ҷаласаро, ки самтҳои мухталифи равобити бисёрҷонибаи кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мубрами тарафайн танзим менамоянд, баррасӣ карда, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Февраль 20, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бошқирдистони Федератсияи Русия мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид