НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 4 корхонаи нав ба истифода дода шуд
ВАРЗОБ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар ноҳияи Варзоб 4 корхонаи нави саноатӣ, аз қабили Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳаки Чорбоғ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орзуи ориф», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати саноати кӯҳкорӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аъло пласт» ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар ноҳия 20 корхонаи саноатӣ бо назардошти барқу об мавҷуд аст, ки соли 2024 дар онҳо 95,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ин нисбат ба соли 2023 14,9 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 14,9%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 дар ноҳия 408 ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Аз ин теъдод 128 ҷой ба шахсони ҳуқуқӣ ва 280 ҷой ба шахсони воқеӣ рост меояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






