Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Воқеънигор» ифтитоҳ гардид

Февраль 19, 2025 14:34

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба бузургдошти яке аз асосгузорони мактаби рассомӣ дар Тоҷикистон Еремей Буртсев таҳти унвони «Воқеънигор» намоиши ҷумҳуриявии мусаввараҳо ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова доир ба ҳаёту фаъолияти адабию ҳунарии рассом сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки Еремей Буртсев хатмкардаи Техникуми рассомии шаҳри Тошканд буда, соли 1930 ба Тоҷикистон омадааст. Хизмати шоистаи рассом дар он аст, ки солҳои 30-юми асри XX аввалин донишҷӯёни Омӯзишгоҳи рассомии Тоҷикистонро тарбия намуда, ба мактаби санъати тасвирии тоҷик поя гузоштааст.

Мусаввир аз ҷумлаи он нафарони эҷодкор аст, ки дар нимаи дуюми солҳои 1930 дар аввалин намоишҳои рассомон офаридаҳои худро пешниҳоди тамошобинон гардонид. Мавзуи асосии асарҳои ӯ инъикоси ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Дар намоиш омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот иштирок намуданд.

Аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 24 асари рассом Еремей Буртсев ба маърази тамошо гузошта шуд, ки фарогири мавзуъҳои гуногун мебошанд. «Дар мактаби кӯҳна» (1934), «Дар колхози нав» (1935), «Дастгиркунии Иброҳимбек», (1937), «Деҳаи қадим» (1937), «Дар замини бой» (1934), «Манзараи кӯҳӣ» (1942), «Сохтмони асосии канал» (1940), «Роҳ ба сӯи Варзоб» (1940), «Симои писарбача» (1940), «Идораи колхоз» ва дигар асарҳо аз ҳамин ҷумла ҳастанд.

Намоиши асарҳои рассом Еремей Буртсев «Воқеънигор» то 15 март идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 19, 2025 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард