Дар Остона дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни сафар бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу музокирот дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор гардид.
Вазирон вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар партави тавофуқоти моҳи августи соли 2024 дар сатҳи олӣ ҳосилшуда муфассал баррасӣ намуданд.
Табодули афкор ҳамчунин атрофи ҳамкории ду мамлакат дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдноми амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ доир шуд.
Дар фарҷоми суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин ва Мурат Нуртлеу дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳорот доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






