Дар шаҳри Хуҷанд 48 корхонаю коргоҳи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд

Февраль 12, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд 48 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 966 ҷойи кор ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иттилоъ дод.

«Бо мақсади тақвият додани саноатикунонии босуръат дар шаҳр корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Дар натиҷа аз ҷониби корхонаҳои хурду калон 2 миллиарду 30,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 119,3 миллион сомонӣ зиёд аст»,-гуфта шуд дар нишаст.

Дар ин давра корхонаҳои шаҳр самаранок фаъолият намуда, неруи барқро сарфакорона истифода бурдаанд. Дар натиҷа талафоти барқ то 7,2 фоиз поён рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегӣ — истиқлолияти энергетикӣ замина гузошта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар панҷ соли минбаъда сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст.Танҳо соли 2024 319 адади он бунёд гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Февраль 12, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад