Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафороии ҳарбӣ, ҳамоиши фарҳангӣ ва дидорбинии модарон бо сарбозон доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Меҳмонон намоиши техника ва таҷҳизоти ҳарбиро тамошо намуданд. Ҳамчунин машқҳо ва амалиёти низомӣ пешниҳод гардиданд, ки дар он ҷасорату чолокии ҳомиёни Ватан ва омодагии ҳамаҷонибаи қисмҳои ҳарбии мамлакат ба ҳифзи марзу буми Ватан ба мушоҳида мерасид.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ягон давлат бе артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Зеро артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






