Дар Тоҷикистон дар се соли охир 200 ширкати сайёҳӣ ба фаъолият оғоз намуд

Февраль 16, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 16.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 200 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд, ки аз ин шумора 35 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 94 адад ба шаҳри Душанбе, 42 адад ба вилояти Суғд, 18 адад ба вилояти Хатлон ва 11 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд. Дар ин хусус 14 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода шуд.

«Таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, ки мехоҳанд бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд, хеле зиёд аст. Дар ин замина мо пайваста ширкатҳои ватаниро таъкид менамоем, ки бо ҳамтоёни худ ба таври зарурӣ ҳамкорӣ намоянд. Нақши ширкатҳои хориҷӣ дар зиёд гардидани ҷаҳонгардон ба мамлакати мо хеле муҳим аст, зеро онҳо сайёҳонро ба давлатҳо ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ барои зиёд гардидани шумораи сайёҳон дар ҷумҳурӣ ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷониби кумита таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад»,-иброз дошт Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ сабт шуд. 214 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 12 маркази муолиҷавӣ ва лагерҳои солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ аз ин шумора мебошанд.

Дар робита ба ин бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ба Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Вале ин нишондиҳанда бо назардошти имконоти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии мамлакат кофӣ нест. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кумита барои рушди ин соҳа дар соли 2025 анҷом додани корҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст.

«Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди мо гузошта шудааст, ин бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ кӯшиш менамоем, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ин камбудиҳоро давра ба давра ислоҳ намоем», — гуфт раиси кумита.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт чорабиниҳои зиёде амалӣ мегарданд. Онҳо ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси шароити мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойи кори холӣ нигаронида шудаанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба таъсиси Парки саноатӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«Тоҷикаэронавигатсия» ва «Қирғизаэронавигатсия» ҳамкориро тақвият мебахшанд
Кишоварзони вилояти Хатлон дар 124 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Нишасти коршиносон оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии кишварҳои ИДМ доир мешавад
Байни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Кирови Русия созишнома ба имзо расид
Нахустин хатсайри мустақими ҳавоии Бишкек-Хуҷанд-Бишкек фаъол гардид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории SPECA оид ба содагардонии расмиёти савдо доир гардид
Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ, ВАО ва блогерони ҷазираи Киши Эрон муаррифӣ карда шуданд
Соҳибкорони Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос гардиданд
Кишоварзони шаҳри Панҷакент ба кишти барвақтии картошка оғоз намуданд