Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд

Февраль 13, 2025 16:38

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Женеваи  Швейтсария бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид (КИА СММ; UNECE) Татяна Молчан мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла ба «Конвенсия дар бораи интиқоли байналмилалии бор» (КИББ) аз 19 майи соли 1956 ҳамроҳ шудааст. Илова бар ин, соли 2019 ҷумҳурӣ  протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи интиқоли байналмилалии борро, ки ба интиқоли электронии e-CMR дахл дорад, ба тасвиб расонид. Моҳи ноябри соли 2020   Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба фаъолияти системаи рақамии TIR-EPD (Transports Internationaux Routiers;  Интиқоли байналмилалии роҳҳо) оғоз бахшид. Дар доираи ин интиқол дар Тоҷикистон бори аввал системаи пешниҳоди пешакии иттилооти электронӣ ба мақомоти гумрук мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо назардошти он ки то ҳол на ҳамаи кишварҳо ба бисёре аз ин ҳуҷҷатҳо ҳамроҳ шудаанд, масъалаи нақши долонҳои нақлиётӣ ва транзитӣ дар таъмини ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади рушди устувор ва татбиқи пурраи ҳуҷҷатҳои рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии бор то ҳол барои Тоҷикистон мушкили асосӣ боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, Азим Иброҳим аз ҳамсуҳбати худ хоҳиш кард, ки барои ҳарчӣ зудтар насб кардани нармафзор дар ин самтҳо мусоидат намояд.

Вазир ёдовар шуд, ки соли 2022 дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд. Он барои татбиқи системаҳои рақамии назорат, ки имкон медиҳанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳатто дар минтақаҳои дурдаст танзим шавад, пешбинӣ гардидааст. «Инчунин хоҳиш менамоем, ки дар таҳияи «Стратегияи нақлиёт, логистика ва хатсайрҳои алтернативии байналмилалӣ» ба мо  кумаки техникӣ расонед», —  изҳор дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Татяна Молчан барои муҳокимаи минбаъдаи ин пешниҳодҳо ва таҳияи барномаи муштараки амал изҳори омодагӣ намуд. Ҳамчунин зимни арзёбии дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт  гуфт, ки  Тоҷикистон дар минтақа намунаи ибрат аст.     

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2025 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад