Дар Женева дурнамои рушди соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими соҳаи нақлиёти ҷаҳонӣ дар Женева дар мулоқоти вазирони кишварҳои иштирокчии СПЕКА таҳти унвони «Ояндаи нақлиёт» баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар ҳошияи иҷлосияи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) бо ташаббуси Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузаронида шуд. Дар ҳамоиш, ки дар он Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок дошт, масъалаҳои ҳамбастагии роҳҳои нақлиётӣ байни минтақаҳо ва муайян намудани мушкилот, имконият ва андешидани тадбирҳои калидӣ барои ноил шудан ба дурнамои устувор ва самараноки соҳа матраҳ шуданд.
Иштирокдорон роҷеъ ба он, ки то соли 2050 дар соҳаи нақлиёт чӣ тағйирот ба амал меояд, изҳори назар намуданд.
Гуфта шуд, ки ҷаҳон хеле зуд тағйир меёбад, бинобар ин бояд ҳамқадами замон буд. Технологияҳои нав ба вуҷуд меоянд, раванди рақамикунонӣ торафт суръати бештар пайдо мекунад – аз ин пешрафтҳо бояд бархӯрдор шуд ва онҳоро ба нафъи рӯзгори инсонҳо истифода намуд.
Рақамикунонӣ ҳамчун раванди глобалӣ дар соҳаи нақлиёт ба таври бебозгашт пеш меравад. Нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатару бароҳаттар мешавад. Ояндаи нақлиёт ба мошинҳои барқӣ ва бесарнишин вобаста мегардад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






