Донишгоҳи давлатии Данғара аз аккредитатсия гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид

Февраль 8, 2025 09:21

ДАНҒАРА, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 тавассути фароҳам овардани шароити мусоид  ва ҳавасмандгардонии  ҳайати омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Данғара ду нафар рисолаи докторӣ ва 10 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Ҳамчунин барои дастгирии устодони донишгоҳ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ маоши омӯзгорон 10 фоиз баланд бардошта шуд. Дар ин хусус  5 феврал зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки соли 2024 Донишгоҳи давлатии Данғара аз аккредитатсияи институтсионалии байналмиллалӣ мувафаққона   гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ  гардид. Ҳамзамон дар доираи ҳамкории байнидонишгоҳӣ 10 устоди донишгоҳ  дар муассисаҳои олии хориҷи мамлакат дар даврҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо иштирок намуданд.

Дар чаҳорчӯби барномаҳои мубодилаи  академии донишҷӯён  дар шашмоҳаи якуми соли таҳсили 2024-2025  15 донишҷӯ  ба Донишгоҳи технология ва илми Янчени Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид